Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, ки баъд аз марги панҷ кӯдак ба дасти модаронашон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 20 ҳазор хона рафтаанд.
Зариф Назрӣ, раиси ноҳияи Фархор аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ин гуруҳ намояндаи пулис, кишоварӣ ва бахши кор бо занон шомил буданд.
Охири моҳи июни имсол дар ду ноҳияи вилояти Хатлон як кӯдак бо зарби корд ва чор каси дигар дар дарё ғарқ шуданд. Дар марги онҳо модаронашон муттаҳам ҳастанд.
Музаффар Мирзозода, муовини раиси вилоят ду ҳодисаи рухдодаро нанговар хонд ва гуфт, бо роҳи фаҳмондани мардум мехоҳанд аз такрори чунин ҳодисаро пешгирӣ кунанд.
Аммо ин кор то чи андоза натиҷа хоҳад дод, ҳоло маълум нест. Муовини раиси вилоят танҳо гуфт, ки фаҳмондадиҳиро вазифаи аслии худ мешуморанд.
Ҳоло мақомот дар Хатлон нисбати Юлдуз Бозорова ва Мадина Ҳалимова, ки яке фарзандонашро бо кор захмӣ ва дигаре дар дарё партофта буд парванда боз карда, ҳардуяшро боздошт намудаанд.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарҳи куштори шаш кӯдак аз дасти модарон дар Хатлон
Наздикони Юлдуз Бозорова, зани 24-сола аз ноҳияи Қубодиён, ки се кӯдакашро бо зарбаи корд захмӣ кардааст, мегӯянд, ки ҳолати равонии ӯ хуб набуд, вале бо шавҳараш зиндагии орому осуда дошт. Ҳодиса 21-уми июн рух додааст.
Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор ба гуфтаи мақомот шаби 29 ба 30-уми июн аз рашки зиёд чор тифлашро ба дарё партофт. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, ҷустӯҷуи яке дигар идома дорад.
Ба ҷуз ин ду ҳодиса, марги як писар дар шаҳри Турсунзода ҳам ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кард. Ба иттилои мақомот, рӯзи 26-уми июли имсол Хусрав Одинаеви 15-сола баъди шиканҷаи падараш ҷон дод. Навори навраси шиканҷашуда, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва хашми корбаронро барангехт. То кунун садҳо нафар рафтори Парвиз Одинаевро накӯҳиш карда, хоҳони ҷазо гирифтанаш шуданд. Ин мард боздошт шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Одинаев писарашро ба дуздӣ гумонбар дониста ҷазо додааст. Ҳамсари Парвиз Одинаев дар суҳбат ба хабаргузории "Азия-Плюс" ин маълумотро тасдиқ кард.
Марги фарзандон аз сӯи волидайн мавзӯи асосӣ дар нишастҳои ахири матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Додситонии кул буд.
Миҷгона Бобоҷонзода
Миҷгона Бобоҷонзода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзи 4-уми август гуфт, "ин ҳодиса бори дигар мавзӯи осебпазир будани кӯдаконро ба миён гузошт ва зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро дар самти ҳифзи кӯдакон собит сохт".
Фарҳод Одинаев, фаъоли иҷтимоӣ дар Аврупо назари дигар дорад: “Вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон бад аст. Бо назардошти ҳамаи ин, боз вазъи равонии мардум поин рафтааст.”
Ба иттилои Омбудсмен, имсол ҷиноятҳо аз сӯйи кӯдакон 18 дарсад кам шуд, вале хушунати зидди онҳо 30 дарсад афзуд. Вокуниш ба ин зӯровариҳо бештар пас аз воқеа аст, то пеш аз вуқуъ ва ҳанӯз чораҳои ҷиддии пешгирӣ корбаст нашудаанд.