Каллас гуфт, мавқеи Украина ва Иттиҳоди Аврупо низ муҳим аст

Кая Каллас

Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, бори дигар даъват кард, ки ҳамагуна созиш миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи поёни ҷанг дар Украина бояд мавқеи Киев ва Иттиҳоди Аврупоро низ дар назар гирад.

Каллас рӯзи 10-уми август гуфт, “Иёлоти Муттаҳида қудрат дорад, ки Русияро барои гуфтушуниди ҷиддӣ водор кунад. Вале ҳама гуна созиш миёни Амрико ва Русия бояд Украина ва Иттиҳоди Аврупоро ҳам фаро гирад, чун ин масъала ба амнияти Украина ва Аврупо пайванд дорад.”

Изҳороти Кая Каллас пеш аз дидори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин садо медиҳад. Қарор аст, Трамп ва Путин рӯзи 15-уми август дар Аляска хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ кунанд.

Роҳбарони Аврупо аз талошҳои Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанги 41-моҳа дар Украина пуштибонӣ мекунанд, аммо ҳамзамон ба фишори бештар рӯйи Маскав ва додани кафолати амниятӣ ба Киев таъкид доранд.

Каллас ҳамчунин эълон кард, ки рӯзи 11-уми август нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупоро даъват кардааст, то дар бораи қадамҳои баъдӣ гап зананд.

“Қонунҳои байнулмилалӣ бисёр рӯшан ҳастанд: ҳамаи заминҳои муваққатан ғасбшуда ба Украина тааллуқ доранд,” – афзуд Каллас.

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Киев барои вогузор накардани заминҳои ишғолшудааш ба Русия пуштибонӣ кард.