Дар чанд ҷумла
Роҳи занони тоҷикро ба масоҷид бастанд
Оқои Эгамбердӣ гуфт, иштирок ва ҳузури занон дар адои намози ҷумъа дар як моҳи пеш низ мавриди баҳси уламо қарор гирифта буд. Вале ихтилофи назари миёни уламо боиси ҳалношуда боқӣ мондани масъала гардидааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, домулло Ҳикматуллои Тоҷикободи макрӯҳияти намозгузории занон дар масоҷидро ва бо далоили қотеъ собит кард ва мунтаҳо ҳамаи аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ пуштибонӣ карданд.
Аммо Саидиброҳими Муҳаммадназар - узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасмими Шӯрои уламоро муғойир ба қавонини шариат унвон карда, гуфт, дар аксарияти кишварҳои исломии олам, ки аз мазҳаби ҳанафия пайравӣ мекунанд, ба мисли Покистон, Индонезия, Туркия, Русия ва ғайра занҳо ҳангоми адои намози ҷумъа ва ҳамчунин ҳангоми намозҳои панҷвақта дар масоҷид зиёд ҳузур доранд: "Аз назари қонуни кишвари мо ҳам оё як инсон ҳаққи ибодат надорад. Бигзор он як олим бошад, як домулло бошад, як эшон бошад, ё ки Шӯрои уламо бошад, ҳаққе дорад, ки як инсонро аз ибодат манъ кунад? Надорад. Инҷо ҳам қонуни шаҳрвандӣ поймол шудааст, ҳам қонуни ҳуқуқи башар поймол шудааст, ҳам ҳаққи исломӣ поймол шудааст."
Ба назари оқои Муҳаммадназар, ин як тасмими сиёсӣ аст, ки дар сурати дубора таҷдиди назар нашуданаш, аз сӯи Шӯрои уламо ва фуқаҳо боиси ихтилофот ва нороҳатӣ дар ҷомеа мешавад.
Дар ҳамин ҳол Зайниддин Садриддинов - имомхатиби яке аз масоҷиди пойтахт, ки шароит ва имконотро барои ҳузур ва ширкати занҳо дар намози ҷумъа мусоид сохтааст, гуфт, эъломи мамнӯъиятро бештар аз сад зани намозгузор бо надомат ва сарди қабул кард. Оқои Садриддинов гуфт, даъвати занон барои гузоридани салоти ҷумъа иқдоми шахсии ӯ буда ва мехостааст, то занҳо аз маърифат ва ҳуқуқи исломии худ ва ҳамчунин аз панду насиҳати бузургон бештар огаҳӣ дошта бошанд: "Албатта таваҷҷӯҳашон зиёд буд, модоме, ки ҳафтаҳои аввал кам буданд, лекин баъдтар зиёд шуданд. Албатта норозӣ будан, лекин дар ҳар сурат чӣ кор мекунем. Онхо мехостанд, ки кушода бошад, омадан бигиранд, иштирок кунанд."
Оқои Садриддинов гуфт, ки вай наметавонад, аз иҷрои қарори Шӯрои уламои исломӣ сар битобад ва аз ин хотир бо огаҳии қаблӣ бештар аз сад зани намозгузор дар намози ҷумъаи рӯзи 20 август ҳузур надоштанд.
Ин дар ҳолест, ки Зебо Тошева, як тан аз занони намозгузор дар ин масҷид гуфт, вай маҷбур шудааст, барои анҷоми фарзи динии худ беш аз бист километрро тай карда, дар масҷиди ноҳияи Ваҳдат намоз бигузорад. Ба ақидаи вай, Шӯрои уламои исломӣ ҳақ надорад, занҳоро аз иҷрои фароизи диниашон маҳрум кунад, зеро занҳо низ бандагони худо ва узви комилҳуқуқи ҷомеа мебошанд: "Масҷиди мо дорои чаҳорсад панҷсад нафар зан буд, онҳоро аз намоз гирифтанд. Дигар ҷо нест, имконият нест, шароит нест, дари масҷидро ба рӯи мо бастанд. Тариқи ҳамаи маҷаллаҳои озод баромад мекунам, ҳамчун зан аз ҳуқуқи худ дифоъ хоҳам кард."
Аммо барои рӯшан кардани мавқеи мақомоти расмии кишвар дар қиболи тасмими макрӯҳияти ибодат ва ҳузури занон дар масоҷид бо Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон дар тамос шудем. Муродулло Давлатов - муовини раиси кумитаи мазкур гуфт, тибқи конунҳои кишвар, ҳеҷ касе ҳақ надорад дар амр ва шароит ва анҷоми фароизи динӣ барои шаҳрвандон мушкилот пеш оварад. Аммо тибқи қавонин дин аз давлат ҷудо аст ва мудохилаи давлат дар ин маврид ноҷо мебошад: "Шӯрои уламои исломӣ як ташкилоти ҷудо аз давлат аст. Вай бевосита бо ҳаёти динии кишвар алоқаманд аст ва як ҳалле, ки бо маслиҳат мувофиқ бошад, ҳалле, ки ба ҳуввияти динии мардуми мо мувофиқ бошад, ҳалле, ки ваҳдати динии мардуми моро таъмин карда тавонад, чунки ихтилофот дар ин ҷо ҳам пайдо нашавад, ин дар чорчӯби салоҳияти Шӯрои уламо аст ва онҳо мустақилона ин масъаларо ҳал мекунанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, бояд ин ҳукмро пайравӣ намояд".
Худойбердии валади Эгамбердӣ - мудири бахши фатво ва яке аз аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон яке аз иллали тасмими манъи ибодати занон дар масоҷидро дар набуди шароити муносиб ба мисли адами ҷой ва таҳоратхонаи алоҳида ва роҳу дарвозаи ҷудогона марбут донист. Аз сӯи дигар оқои Худойбердӣ ҳарчанд тавзеҳи бештаре дар ин замина надод, вале эҳтимолияти дар заминаи сиёсӣ ба вуҷуд омадани тасмими ҷаласаи ахири ин шӯроро низ рад накард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Баёнияи як рӯҳонии баландпояи Русия ба зидди муҳоҷирон

Яке аз рӯҳониёни баландпояи Русия бо баёнияе ба зидди муҳоҷирон гуфтааст, ки ҳал кардани мушкилоти иқтисодӣ бо овардани муҳоҷирон ба кишвар дуруст нест.
Григорий Воскресенский, усқуфи Калисои шаҳри Маскав, рӯзи 10-уми август дар суҳбате бо телевизиони давлатии “Русия 24” гуфтааст, шумораи муҳоҷирон торафт зиёд мешавад ва “албатта, онҳо бо даъвати касоне меоянд, ки мехоҳанд, мушкилоти иқтисодии худро ҳал кунанд.”
Рӯҳонии калисои православии Русия теъдоде аз муҳоҷиронро ба он гунаҳкор кардааст, ки “ба расму оин ва фарҳанги мардуми маҳаллӣ эҳтиром намегузоранд, ҷиноятҳои зиёд мекунанд ва намегузоранд, ки мардуми таҳҷоӣ дуруст зиндагӣ кунанд.” Ин дар ҳолест, ки бино бар омори Вазорати корҳои дохилии Русия саҳми муҳоҷирон дар ҷинояткорӣ хеле поин аст.
Дар Русия муҳоҷирситезӣ дар якуним соли гузашта авҷ гирифтааст ва мансабдорони гуногун аз тариқи расонаҳои давлативу мустақил муҳоҷиронро як сабаби асосии мусибату мушкилот дар ҷомеаи худ меноманд ва ба халос шудан аз онҳо даъват мекунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, доман задани масъалаи муҳоҷирон як талоши ҳукумату мақомоти Русия барои дур кардани афкори ом аз мушкилоти иқтисодии зиёд ва норизоятӣ аз ҷанг дар Украина аст, агарчӣ худашон ҳам медонанд, ки иқтисоди Русия ба нерӯи кории арзони муҳоҷирон сахт эҳтиёҷ дорад.
"Ришва гирифтааст." Ҳукми профессори тоҷикро шарҳ доданд

Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми пурсарусадои ректор ва як устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷандро шарҳ дод. Гуфта шуд, ин ду парванда бо ҳам пайванд доранд. Ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Яке аз маҳкумшудагон моҳе пеш дар боздоштгоҳ ба таври мармуз фавтид.
Диловар Мирзоҳомидзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, гуфт, тибқи ҳукми марҳилаи аввал аз 26-уми июн ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, профессор Аюб Усмонзода ҳафт сол зиндонӣ шуда, ҳамчунин аз ҳаққи кор дар муассисаҳои таълимӣ ба муддати панҷ сол маҳрум гардидааст. Раиси додгоҳ инро ҳам илова кард, ки эҳтимоли бозбинии ҳукм вуҷуд дорад.
Ӯ афзуд: "Ҳукми Суд (Додгоҳ) эътибори қонунӣ пайдо накардааст. Агар парванда бо шикояти кассатсионӣ ба суди вилоятӣ ирсол карда шаваду дар марҳилаи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирад, ҳукм эътибор пайдо мекунад."
Мирзоҳомидзода афзуд, ҷурми асосии раиси донишгоҳ гирифтани ришваи бузург аст. Маълум нест, ин профессори тоҷик аз кӣ ва чӣ қадар "пора" гирифтааст, вале танҳо як ҳолаташ бо иҷрокунандаи мудири факултаи кимиё ва биологияи ҳамин донишгоҳ, Парвиз Пӯлодӣ, пайванд доштааст. Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки маҳз бо шикояти ҳамин устоди донишгоҳ ректорро боздошт кардаанд.
Диловар Мирзоҳомидзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, гуфт: "Ректори Донишгоҳи мазкур барои гирифтани маблағ аз собиқ декани факулта барои ба вазифа таъйин кардан гунаҳкор дониста шуд." Вале пеш аз ҳукми ректор ҳамин додгоҳ рӯзи 13-уми июн Парвиз Пӯлодиро ба 17 сол зиндон маҳкум намуда буд. Ҷурми ӯ низ ришваситонӣ ва ҷиноятҳои ахлоқӣ гуфта мешуд.
Ин ҳукм низ қувваи қонунӣ нагирифта, Пӯлодӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба таври мармуз фавтид. Ба пайвандони ӯ гуфтаанд, ки фишораш баланд шуда, дилаш аз кор монд. Дар ҳамин ҳол аз сӯи ягон ниҳоди интизомӣ хабари расмӣ аз ин ҳодиса расонаӣ нагардид.
Назари вакили дифои ҳарду устоди донишгоҳ ба ҳукмҳо маълум нест, вале пайвандонашон гуфта буданд, ки барои адолат мубориза хоҳанд бурд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ришваситонии устодони донишгоҳ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси баҳсҳои тӯлонӣ гардида буд. Дар ин донишгоҳ ба қавли мақомот, танҳо дар соли гузашта тақрибан 50 мавриди ришваситонӣ ошкор гаштааст. Раиси Бунгоҳи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд моҳи феврали имсол Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки фасоди молӣ дар он ба авҷ расидааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Имтиҳони нав барои довталабони шаҳрвандии Русия

Намунаи имтиҳони хориҷиён барои гирифтани шаҳрвандии Русия нашр шудааст.
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия иттилоъ дод, ки намунаи имтиҳон дар сомонаи "Институти федералии ченак ва ё меъёрҳои педагогии Русия" ҷойгир аст. Ба қавли ин манбаъ, саволҳои имтиҳонҳо аз махзани пинҳонии ин институт истифода шуда, баъди муддати кӯтоҳ иваз карда мешаванд.
Охири ҳафтаи гузашта бар пояи қарори ҳукумати Русия аз 31-уми июл тарзи имтиҳонсупории хориҷиён барои дарёфти шаҳвандӣ тағйир ёфт. Ҳамин тариқ, имтиҳони забони русӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои хориҷиён дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ ва имтиҳони таърихи Русия танҳо дар шакли хаттӣ гузаронида мешавад.
Имтиҳони забони русӣ тибқи нақша бояд навад дақиқа идома кунад ва аз 35 супориш иборат аст. Аз ҷумла, панҷ супориш барои озмоиши омодагии имтиҳонсупоранда ба муколама, шаш супориш барои шунидани суҳбат ба забони русӣ, шаш супориш барои озмоиши мизони фаҳмиши нутқи русӣ, шаш супориш барои хониши матни русии довталаби шаҳрвандӣ, ду супориши хатнависӣ ва 18 супориши боқимондаро саволҳо дар бораи грамматика ва лексика, яъне сарфу наҳви забони русӣ дар бар мегирад.
Интерфакс менависад, имкон дорад, аз довталаб дархост шавад, ки муколама ҳангоми зиёрат аз шифохона ва ё ариза барои қабул ба кор навишта шавад. Ҳамчунон имкон дорад, ки супоришҳо аз хондан ва шарҳ додани эълон ва ё ҳатто навиштани даъватномаи дӯстон ба тӯйи арӯсӣ бошад.
Имтиҳони таърих пурра дар шакли хаттӣ буда, аз 18 савол дар бораи таърихи Русия ва 18 савол дар бораи Қонуни асосӣ, меъёрҳои зист ва ҳуқуқи кор, вуруди хуруҷ аз Русия ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро дар бар мегирад.
Шумори шаҳрвандони Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва танҳо дар соли 2022 беш аз 170 ҳазор тоҷикистонӣ соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.
Дар як соли охир дар Русия беш аз сӣ қонуну қароре қабул шуд, ки барои даромадан, иқомат ва кору шиносноманигирии муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд. Мансабдорони Русия борҳо гуфтаанд, ки ҳадафашон танзими муҳоҷират аст, вале ҳомиёни ҳуқуқ онро фишор ба коргарони хориҷӣ медонанд.
Каллас гуфт, мавқеи Украина ва Иттиҳоди Аврупо низ муҳим аст

Кая Каллас, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, бори дигар даъват кард, ки ҳамагуна созиш миёни Вашингтон ва Маскав дар бораи поёни ҷанг дар Украина бояд мавқеи Киев ва Иттиҳоди Аврупоро низ дар назар гирад.
Каллас рӯзи 10-уми август гуфт, “Иёлоти Муттаҳида қудрат дорад, ки Русияро барои гуфтушуниди ҷиддӣ водор кунад. Вале ҳама гуна созиш миёни Амрико ва Русия бояд Украина ва Иттиҳоди Аврупоро ҳам фаро гирад, чун ин масъала ба амнияти Украина ва Аврупо пайванд дорад.”
Изҳороти Кая Каллас пеш аз дидори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин садо медиҳад. Қарор аст, Трамп ва Путин рӯзи 15-уми август дар Аляска хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ кунанд.
Роҳбарони Аврупо аз талошҳои Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанги 41-моҳа дар Украина пуштибонӣ мекунанд, аммо ҳамзамон ба фишори бештар рӯйи Маскав ва додани кафолати амниятӣ ба Киев таъкид доранд.
Каллас ҳамчунин эълон кард, ки рӯзи 11-уми август нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупоро даъват кардааст, то дар бораи қадамҳои баъдӣ гап зананд.
“Қонунҳои байнулмилалӣ бисёр рӯшан ҳастанд: ҳамаи заминҳои муваққатан ғасбшуда ба Украина тааллуқ доранд,” – афзуд Каллас.
Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Киев барои вогузор накардани заминҳои ишғолшудааш ба Русия пуштибонӣ кард.
Заминларза дар Туркия сабаби марги як нафар шуд

Шаби якшанбеи 10-уми август зилзилае бо қудрати 6,1 дараҷа ғарби Туркияро такон дод.
Ба гуфтаи Созмони мудирияти буҳрони Туркия,ин заминларза соати 19:53 ба вақти маҳаллӣ рух дода, дар Истанбул, Измир ва чанд шаҳри дигар низ эҳсос шуд.
Али Ерликая, вазири корҳои дохилии Туркия эълом кард, ки як марди 81-сола пас аз наҷот аз зери вайрона ҷон бохт ва 29 каси дигар захмӣ шудаанд.
Мақомоти Туркия гуфтанд, зилзила боиси фурӯ рехтани 16 сохтмон, аз ҷумла чор бинои истиқоматӣ шуд.
"Ал-Ҷазира" аз кушта шудани панҷ кормандаш дар Ғазза хабар дод

Шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" эълом кардааст, ки ду хабарнигор ва се наворбардори ин шабака дар пайи ҳамлаи неруҳои исроилӣ дар Ғазза кушта шудаанд.
"Ал-Ҷазира" гуфтааст, ки хабарнигоронаш Анас Шариф ва Муҳаммад Қариқа рӯзи якшанбеи 10-уми август дар ҳамлаи ҳадафмандонаи Исроил ҷон бохтанд.
Ба гузориши ин расона, се наворбардори ин тим низ дар ин ҳамла кушта шудаанд.
Ин тими хабарӣ гузоришҳои худро асосан аз шимоли Ғазза ва бо забони арабӣ таҳия мекард. Ба навиштаи хабаргузории Фаронса, хабарнигорон ҳангоми ҳамлаи ҳавоӣ дар хаймаи худ буданд.
Артиши Исроил ҳамла ба хабарнигорони "Ал-Ҷазира"-ро тасдиқ кард ва Анас Шарифро "террорист дар либоси хабарнигор" хондааст.
Артиши Исроил дар телеграм навишт, Шариф фармондеҳи як гуруҳи террористии вобаста ба "Ҳамос" буд ва масъули ҳамлаи мушакӣ ба Исроил мебошад. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо "Ҳамос"-ро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кардаанд.
Шабакаи "Ал-Ҷазира" иттиҳоми артиши Исроилро рад карда гуфтааст, ки Анас Шариф хабарнигоре буд, ки ҷони худро барои инъикоси вазъияти мардуми Ғазза ба хатар андохт.
Аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза то кунун 10 хабарнигор ва корманди расонаи "Ал- Ҷазира" дар ин даргириҳо кушта шудаанд.
Гулмурод Ҳалимов ва Маҳдӣ Арсалон зиндаанд? Посухи намояндаи додситонӣ

Як намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти қудратии кишвар дар бораи зинда будани Гулмурод Ҳалимов ва Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон маълумоти дақиқ дар даст надоранд.
Сардори Раёсати муқовимат бо терроризми додситонии кул 8-уми август дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи онки Гулмурод Ҳалимов ва Муҳаммад Шарифов "зинда ва дар озодӣ бошанд, ягон маълумоти расмӣ ворид нашудааст ва ягон маълумот ҷой надорад."
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соли 2015 ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайваст ва то ба сатҳи "вазири ҷанг"-и ин созмони террористӣ расид. Аз соли 2017 ба ин сӯ дар бораи захмӣ шудан ва ҳалокати ӯ дар Ироқу Сурия чанд дафъа гузоришҳо нашр шудааст. Вазорати дифои Русия соли 2017 эълон кард, ки ӯ дар як ҳамла дар минтақаи Дейр-Аз-Зори Сурия "сахт захмӣ шуд". Нашрияи "Таймс" ҳамон сол дар бораи ҳалокати ӯ дар Ироқ хабар дод, вале маргашро ягон кишвар расман тасдиқ накардааст.
Муҳаммад Шарифов бошад сокини 31-солаи ноҳияи Нуробод аст, ки бо лақаби Маҳдӣ Арсалон шинохта мешуд. Ӯро яке аз фармондеҳони созмони мамнӯи “Ансоруллоҳ” мегуфтанд, вале ба гуфтаи наздикон ва дӯстонаш аз аввали соли 2024 дар Афғонистон нопадид шудааст.
Путин ва Раҳмон дар бораи Украина ва гуфтушунид бо Амрико гап задаанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаи музокироти Маскав бо Амрико ишора кардааст. Суҳбати телефонии Путин ва Раҳмон рӯзи 10-уми август анҷом шуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, Владимир Путин дар ин суҳбат "дар бораи натиҷаҳои асосии гуфтушунид бо ҷониби ИМА маълумот дод."
Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон "аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина" пуштибонӣ кардааст.
Расонаҳои давлатии Русия ҳам гузориш додаанд, ки Путин ба Раҳмон дар бораи дидори ахираш бо фиристодаи вижаи Амрико Стив Виткоф маълумот додааст. Виткоф, фиристодаи вижаи Амрико рӯзи 6-уми август бо Владимир Путин мулоқот кард.
Ҷузъиёти бештари суҳбати Путин ва Раҳмон дар бораи Украина маълум нест.
Пеш аз гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон президенти Русия Владимир Путин бо Сӣ Ҷӣ Пин, раҳбари Чин ва Нарендра Мудӣ, кишвардори Ҳинд ва сарварони дигар ин масъалаҳоро матраҳ карда буд.
Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои асосии Русия дар Осиёи Марказӣ аст. Бузургтарин пойгоҳи Русия хориҷ аз ин кишвар дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Душанбе давоми се соли ҷанги Русия алайҳи Украина дар ин мавзуъ расман аз ҳеч ҷонибе ҳимоя накардааст. Аммо гузоришҳо дар бораи ҳузури зархаридони тоҷикистонӣ дар чанд алайҳи Украина борҳо нашр шудааст.
Ахиран Владимир Зеленский дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ҷанговарони мо дар ин қисмат дар бораи ширкати зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистону кишварҳои африқоӣ дар ҷанг гузориш медиҳанд. Мо ба ин посух хоҳем дод."
Аммо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла додситони кул мегӯянд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.
Чанде пеш тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.
Як таҳқиқоти рӯзноманигории Бӣ-бӣ-сӣ ва "Медиазона" ҳам номи 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд. Танҳо дар чанд маврид аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба ҷанги бегона нараванд, чун ҷавобгарӣ дорад.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон камтар шудааст

Вазорати молияи Тоҷикистон аз кам шудани қарзи хориҷии кишвар хабар додааст.
Тибқи омори ахири Вазорати молия, Душанбе аз кишвар ва созмонҳои молии байнулмилалӣ 3,1 миллиард доллар қарздор аст. Аввали соли 2025 қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар баробар буд.
Дар Вазорати молия гуфтанд, феълан қарзи хориҷӣ ба 18,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.
Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон барои баргардондан қарзи хориҷӣ ва баҳраи он Тоҷикистон 224,4 миллион доллар пардохт кардааст.
Соли 2025 хароҷоти Тоҷикистон барои баргардондани қарзи хориҷӣ бештар мешавад. Чун имсол муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи “Эксимбонк”-и Чин фаро мерасад. Барои ҳамин, Тоҷикистон соли 2025 бояд 473 миллион долларро баргардонад. То ин вақт кишвар солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард.
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" ва чанд барномаи дигар ба гирифтани қарз аз хориҷ ниёз дорад. Аммо мақомот нагуфтаанд, ки имсол аз кӣ ва барои кадом барномаҳо қарз мегиранд.
Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст.
Қазоқистон шаҳрвандони худро аз Ғазза баровард

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки 6 шаҳрванди ин кишварро аз Навори Ғазза бароварданд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ин афрод нахуст ба Уммон бурда ва аз онҷо ба ватан фиристоданд.
Дар аксе, ки мақомоти Қазоқистон нашр карданд, ду кӯдак низ дида мешавад. Дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки ин шаҳрвандони Қазоқистон кай ва барои чӣ вориди Ғазза шудаанд. Ҳамчунин маълум нест, ки боз чӣ қадар қазоқистониҳо дар Ғазза ҳастанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои кӯмак дар наҷоти шаҳрвандонаш аз майдони ҷанг ба мақомоти Уммон, Исроил ва Салиби Сурх ташаккур кардааст.
Навори Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 майдони даргириҳои сахт миён Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" аст. "Ҳамос" аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи террористӣ эълон шудааст. Дар пайи ҷанги қариб дусола бахши асосии Ғазза нобуд шуда, сокинон ва созмонҳои кумакрасон аз нарасидани ғизо, об, дору ва сӯзишворӣ бонги хатар задаанд.
Додситон: 184 нафар баъди бозгашт афв шуданд. Махсудов чаро 14 сол зиндонӣ шуд?

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли равон 184 нафаре, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ дар ҷустуҷӯ буданд ба ватан баргашта бахшида шудаанд.
Ҳабибулло Воҳидзода 8-уми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, шумораи афроде, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод шуданд нисбат ба соли гузашта бештар шудааст. Аммо додситони кул шарҳ надод, ки афроди бозгашта ба узвият дар кадом гуруҳҳои мамнуъ гумонбар дониста мешуданд.
Кодекси ҷиноии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки дар сурати аз фаъолияти ифротӣ ва террористӣ даст кашидан ва ихтиёран бозгаштан ба ватан афроди таҳти пайгард афв мешаванд. Телевизионҳои давлатӣ дар солҳои ахир навори чанд ҷавони ба истилоҳи мақомот пушаймоншударо намоиш доданд ва эълон карданд, ки онҳо афв шудаанд.
Аммо наздикони баъзе аз афроди бозгашта мегӯянд, ки бо вуҷуди ваъдаи мақомот хешовандони онҳоро зиндонӣ карданд. Аз ҷумла хонаводаи Алишер Махсудов, як ҷавони 22-сола шикоят доранд, ки ӯ бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба кишвар омад, вале ба 14 зиндон маҳкум гардид. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи июли имсол ҳукми ин ҷавонро бетағйир гузошт.
Дар ҳамин ҳол додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол ҷиноятҳои “хусусияти экстремистӣ ва террористидошта” 22 дарсад камтар шудаанд. Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон мақомоти қудратии Тоҷикистон 685 ҷинояти вобаста ба ифротгароӣ ва терроризмро ошкор кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 194 адад камтар аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодии баёнро маҳдуд карда, мухолифони худро таъқиб мекунад.
Тоҷикистон ва Покистон машқҳои муштараки зиддитеррористӣ доир карданд

Рӯзи 9 август дар пойгоҳи "Фахробод", воқеъ дар ҷануби шаҳри Душанбе ва начандон дур аз марзи Афғонистон, машқҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон бо номи "Дӯстӣ-2", ба анҷом расид.
Шӯъбаи робитаи умумии артиши Покистон бо нашри хабарномае гуфт, ки ин размоиши шашрӯза, аз 4 то 9 август идома кард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин размоиш ду дастаи ҷангии артиши Покистон ва чаҳор тими размии нерӯҳои вижаи Тоҷикистон, ширкат карданд.
Ҳадафи аслии ин тамрини муштарак, ислоҳи машқҳо, равияҳо ва тактикаҳои амалиёти зиддитеррористӣ аз тариқи омӯзиши муштарак ва тақвияти робитаҳои низомии ду кишвар, гуфта шудааст.
"Ҳама ҳадафҳои омӯзишӣ ва дипломатияи низомӣ амалӣ шуд. Нерӯҳои ҳар ду кишвар болотарин стандартҳои касбиро давоми ин размоиш ба намоиш гузоштанд",-омадааст дар хабарномаи Шӯъбаи робитаи умумии артиши Покистон.
Дар маросими поёнии ин размоиш, мақомоти низомии ду кишвар иштирок доштаанд.
Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои низомиаш бо созмону кишварҳои дигар, соле чанд бор дар машқҳои низомии муштарак иштирок мекунад.
Тоҷикистон ва Покистон аз ин қабл дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, дар чанд размоиши муштарак иштирок карда буданд.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Покистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва ҳар ду кишвар аз ҳузури гурӯҳҳои тундрав дар ҳамсоягии худ нигарон ҳастанд.
Дар пайи амалиётҳои ахири Таҳрики Толибони Покистон дар чанд моҳи ахир, даҳҳо нерӯи низомии Покистон кушта шуданд. Мақомот дар Исломобод ҳукумати Толибонро ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳ, муттаҳам мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам бо гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон чандон робитаи гарм надоранд ва ҳузури гурӯҳҳое чун "Ансоруллоҳ" дар Афғонистон, ки зодагони Тоҷикистонро дар худ ҷамъ овардааст, бар нигарониҳои амниятии Душанбе афзудааст.
Ҳалокати беш аз 10 нафар дар селобҳои Чин

Дастикам 10 тан дар натиҷаи селобҳо дар вилояти Гансу, воқеъ дар шимол-ғарби Чин, ҷон бохта, 33 тани дигар нопадид шудаанд.
Ба гузориши телевизиони давлатии Чин (CCTV), боронҳои сахти рӯзи панҷшанбеи 7 август боиси селобҳои ногаҳонӣ ва лағзиши замин дар минтақаҳои куҳистонии ин вилоят шудааст.
Борони сахт боиси қатъ барқ ва хадамоти иртиботӣ дар минтақа шуда, беш аз 4 ҳазор тан дар чаҳор деҳа дар иҳотаи сел монданд.
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин хостори талошҳои ҳамаҷониба барои наҷоти онҳое шуд, ки дар банди селобҳо мондаанд. Ӯ ҳамчунин хостори пешгирӣ аз селобҳо шудааст.
Идомаи ҷустуҷӯи ду сарбоз дар дарёи Вахш

Бо гузашти беш аз 10 рӯз, ҷустуҷӯи ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ғарқ шуданд, натиҷа надодааст.
Онҳо дар қаламрави "Ҳарбмайдон", ки аз қисми низомияшон ба ин машқгоҳ сафарбар шуда будаанд, ғарқ шудаанд. Сабаби ғарқ шудани сарбозон маълум нест.
Мақомот дар Хатлон гуфтанд, ҳодиса рӯзи 30-юми июл иттифоқ уфтод ва аз он замон ҷустуҷӯи сарбозон идома дорад. Як манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон аз сарбозони ғарқшуда Солеҳ Худойбердиеви 19-сола ва Равшан Муҳаммади 20-сола ном бурд.
Ба гуфтаи манбаъ, "амалиёти ҷустуҷӯи ду сарбоз дар соҳили Вахш то ноҳияи Қубодиён идома дорад. Сабаби дер пайдо шудани ҷасадҳо, баланд будани сатҳи оби дарёи Вахш ва бо шиддат ҷорӣ шудани он аст".
Тибқи омори расмӣ, аз аввали сол дар кӯлҳову дарёҳои вилояти Хатлон беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Аксарияти онҳо дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарё ҷони худро аз даст додаанд.
Парвандаи Парвиз Одинаевро Додситонии кул баррасӣ мекунад

Парвандаи Парвиз Одинаев, марде, ки писараш дар пайи шиканҷаи ӯ ҳалок шуд, ба Додситонии кул ирсол гардида, дар баррасӣ аст.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми август ҳангоми нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Вазир ҳодисаро "ҷинояти мудҳиш" номида, гуфт, падари Хисрав Одинаеви 15-сола қасди пинҳон кардани ҷиноятро дошт, аммо боздошт шуд.
Феълан нисбати ӯ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, парванда боз шудааст. Ба вай аз 12 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Ӯ ба ҷуз Хисрав, Парвиз Одинаев, се писар ва як духтари дигар дорад.
Ҳодиса рӯзи 26-уми июли имсол дар маҳалли Меҳргони шаҳри Турсунзода рух дод. Хисравро рӯзи 29 июл дар ноҳияи Темурмалик дафн карданд.
Навори навраси шиканҷашуда, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд ва хашми корбаронро барангехт.
То кунун садҳо нафар рафтори Парвиз Одинаевро танқид маҳкум карда, хоҳони ҷазо гирифтанаш шуданд.